- лаб
- [لب]1. канори берунии атрофи даҳони одам ва баъзе ҳайвонҳо, ки дандонҳоро мепӯшонад: лаби боло, лаби поин, лаби тунук, лаби ғафс, лаби гулгун, лаби майгун, лаби пурханда, лаби хандон, лаби ҷонбахш, кунҷи лаб, лабро пок кардан, лабони касе ба табассум моил шудан, аз лабони касе табассум дур нашудан, дар лабони касе табассум дамидан (пайдо шудан); лаб(он)-и ақиқ лабҳои сурхи зеборӯён; лаби лаъли шакаргуфтор лаби сурхи ширинсуханон; лаби шакарбор лаби маҳбубаи ширинкалом; лабу лунҷ а) атрофи лабу даҳон; б) киноя аз намуди бади зоҳирии чизе; бо лаби пурханда // бо лабони пуртабассум бо лаби хандон; хеле хандон; ниҳоят шод; лаб ҷунбон(и)дан а) лабро ба ҳаракат даровардан; б) киноя аз зери лаб гуфтан, ниҳоят оҳиста гап задан2. канор, соҳил: лаби баҳр, лаби дарё, лаби кӯл, лаби об, лаби рӯд, лаби чашма; лаби ҷӯ(й) а) канори ҷӯ; наздики ҷӯ; б) девораи паҳлуии ҷӯ; лаби ҳавз канори ҳавз; нишастгоҳ дар канору атрофи ҳавз: лаби ҳавзи Ғозиён, лаби ҳавзи Девонбегӣ; сарви лаби ҷӯ сарви сарсабзи воқеъ дар канори ҷӯ; лаб-лаби… бо канори…, ба тӯли соҳили…; қад-қади…: лаб-лаби дарё, лаб-лаби ҷӯ…; лаби ғор назди даҳани ғор3. канораи ҳар чиз; гӯшаи чизе: лаби айвон, лаби бом, лаби кат, лаби палос, лаби суфа; як лаби рӯймол; лаби гилем як гӯшаи гилем; лаби доман канори доман, зеҳи доман; лаби кунҷора порчаи кунҷора; лаби нон а) канори нон; б) маҷ. луқмаи нон, бурдаи он; лаби тиреза гуфт. зертахтаи тиреза; тоқчаи таги тиреза; лаб ба лаб карда дӯхтан ду канори матоеро ба ҳам расонида дӯхтан4. канораи болоии пиёла, коса, кӯза, хум ва ғ; лаби дег а) канораи гирдогирди даҳони дег; б) гуфт. назди дегу дегдон, атрофи дег; лабу лаҳҷа гапдонӣ; чарбзабонӣ, хушгапӣ; лабу лаҳҷа кардан чарбзабонӣ кардан, фасеҳбаёнӣ намудан; лаб-лаб лаболаб, лабрез, ниҳоят пур; лаб ба лаб лабрез, пуропур: сатили лаб ба лаб (аз об…): лаб ба лаб кардан, лаб ба лаб шудан; зери лаб // дар зери лаб а) оҳиста, камшунаво; б) худ ба худ (чизе гуфтан): зери лаб замзама кардан, зери лаб чизеро ҳисоб кардан…; (дар) зери лаб хандидан // (дар) зери лаб табассум кардан а) ноаён ханда кардан, табассум кардан, лабханд задан; б) тамасхур кардан, ришханд кардан, писханд задан; як лаб нон а) як бурда нон; б) киноя аз хӯроки бисёр кам; ин лаб – он лаб маҷ. ин тарафу он тараф; атрофу акноф; бо лаби ташна ташналаб; бо лабони хушк ташнаву гушна; бо лабу лунҷи овезон бо қиёфаи норозиёна; димоғсӯхта; то лаби гӯр то дами марг; лаб бастан // лаб фурӯ бастан гап назадан, хомӯш шудан; лаб боз кардан // лаб во кардан ниг. лаб кушодан; лаб бурма кардан лабро каҷу пурчин кардан барои изҳори норизогӣ аз чизе; лаб ба чизе во кардан ниг. лаб ба чизе кушодан; лаб газидан а) лаби поинро ба зери дандон гирифтан ба аломати касеро нигоҳ доштан аз гуфтани чизе; б) хомӯш шудан, гап назадан; в) афсӯс хӯрдан, изҳори пушаймонӣ ва надомат кардан; лаб кушодан а) гап сар кардан, сухан оғоз кардан; б) гап задан, гуфтан; лаб ба гап (сухан) кушодан ба гап даромадан, сухан оғоз кардан; лаб ба чизе кушодан дар бораи чизе ё коре гап сар кардан: лаб ба дашном кушодан, лаб ба шикоят кушодан…; лаб задан лабрез шудан, пуропур шудан; лаб лесида гаштан гуфт. ташнаву гушна гаштан; лабҳо пушти гӯш рафтан хандон шудан; бисёр хурсанд шудан; лаб тар кардан андак нӯшидан; ташнагиро шикастан; лабу лунҷ овезон кардан лабро каҷу килеб кардан барои изҳори норозигӣ ва димоғсӯхтагӣ; вазъи рӯи худро тағйир дода изҳори норизогӣ кардан аз чизе; лаб андар лаб будан бисёр наздик будан; дар дами чизе будан; лаб ба лаб нарасонда (норасонда) гап задан тез гап задан, бо шитоб ҳарф задан; лаб ба ханда нарафтан майлу хоҳиши хандидан надоштан, ба дил нағунҷидани хандаю шодӣ; бахти касе лаб задан тофтани бахти касе; омад кардани кори касе; аз ҳарф лаб фурӯ бастан аз сухан бозистодан, гапро бас кардан; аз як лаби чизе хӯрдан қисми каме аз чизеро аз худ кардан; ба лаби дарё (об) ташна бурда ташна овардан а) ниҳоят пухтаву зирак будан; б) бисёр фиребгар будан, дар қаллобӣ ниҳоят моҳир будан; ба лаб доштан вирди забон будан (-и номи касе); ба(р) лаб овардан ба забон овардан, зикр кардан; ба лаби гӯр бурдан куштан, ба ҳалокат расондан; ба лаб кулӯх молидан (молида гаштан) ягон кори кардаи худро пинҳон намуда хомӯш гаштан; кореро карда худро ба нодонӣ задан; ба гап (сухан) лаб мондан гапи касеро қувват додан, гапи касеро таъкид ва таъриф кардан; дар лаб будан дар даҳони касе будан, вирди забони касе будани чизе; об ба лаби ҷӯ баробар шудан ниг. об; по бар лаби гӯр будан дар дами марг будан; охири умри худро ба сар бурдан; пои касе ба лаби гӯр расидан наздик омадани марги касе, кам мондани умри касе; ҷон ба лаб расидан (омадан) а) ба марг наздик шудан, қариб ба мурдан расидан; б) ба танг омадан, ба ҷон расидан, аз ҷон безор шудан; як лаби дунё кам нашуд ба дунё осебе нарасид, як гӯшаи дунё кам нашуд
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.